Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Суди Олӣ ҳукми 119 нафар “ихвонӣ”-ро эълон кард

Прокуратураи генералии Тоҷикистон бори аввал дар моҳи январи 2020 аз ошкор шудани 314 ва боздошти 113 тан аз аъзоии “Ихвонулмуслимин” дар Тоҷикистон хабар доданд

Суди олии Тоҷикистон ҳукми маҳкумияти 119 нафарро бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи мамнӯаи “Ихвонулмуслимин” эълом кард.
Дар асоси ин ҳукм, Суди олии Тоҷикистон дар миёни маҳкумон танҳо ду нафарро ба пардохти ҷаримаи молӣ ва бақия ба 5 то 23 соли зиндон маҳкум шудаанд.
Дар ин миён Муҳамад Боюмӣ табаъаи Миср ва устоди риштаи забони арабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба унвони масъули ин гурӯҳ ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст.
Як табааи дигари Миср, ки ӯ низ устоди забони арабии Донишгоҳи Тоҷикистон будааст низ ба 7 сол зиндон маҳкум шудааст.
Мақомоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон бори нахуст дар моҳи январи 2020 аз шиносоии 314 ва боздошти 113 тан аз аъзоии “Ихвонулмуслимин” дар Тоҷикистон хабар доданд, ки аксари онҳо устодони забони арабии донишгоҳҳо ва донишкадаҳои давлатии Тоҷикистон буданд.
Фаъолияти гурӯҳи “Ихвонулмуслимин” дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми Суд олӣ ҳамчун гурӯҳи террористӣ мамнӯъ аст ва дар 6 соли ахир теъдоди зиёде аз донишомӯхтагони донишгоҳи “Ал-Азҳар”-и Миср дар Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар ин гурӯҳ боздошт ва зиндонӣ шудаанд.
Бо ин ҳол маркази матбуоти Суди олии Тоҷикистон эълом кардааст, ки ҷузъиёти бештари ин парвандаро дар ояндаи наздики расонаӣ хоҳад кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.