Таҷлили Рӯзи модар дар Донишгоҳи давлатии Данғара

“Мактаби намунаи ибрат ва шамъи маърифати занон дар Донишгоҳи давлатии Данғара”- таҳти ин унвон имрӯз, 4-уми март бахшида ба Рӯзи модарон чорабинӣ баргузор гардид.

Дар ибтидо Шоҳиён Нуралӣ Набот, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор ҳайти донишҷӯдухтарон, занону бонувон ва иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон табрик гуфта, оид ба хизматҳои шоёни занону бонувони сиёсатмадори ҷумҳурӣ ибрози андеша намуд. Гуфта  шуд, ки  зан – модар,  офарандаи  ҳаёт,  мураббии   наслҳо,   тарбиятгари  наврасону  ҷавонон  ва  такягоҳи  устувори   хонавода мебошад.

Ректор гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати модарону бонувон  таъкид менамоянд, ки «Мо эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит месозем. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад. Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд. Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, мо — фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бонувон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем. Онҳоро ҳамчун мавҷуди муқаддасу азиз эҳтиёт кунем ва ҳамеша дӯстдору дилбардорашон бошем».

   Аз ин рӯ, калимаи беҳтарин дар дунё модар аст. Ин нахустин суханест, ки  инсон баён мекунад ва он дар тамоми забонҳои дунё якхел садо медиҳад. Модар мушфиқу меҳрубон, ҳалиму нексиришт ва инсондӯст аст. Модар дили ҳассосу пур аз меҳру муҳаббат дорад, ки доимо дар он шуълаи дустдорӣ фурӯзон аст ва  ҳеҷ гоҳ бепарвоиро нисбати фарзандон иҷозат намедиҳад.     

“Имрӯз бонувон баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо самаранок фаъолият доранд. Масъалаи баробарии гендерӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Таҷрибаи имрӯза нишон медиҳад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон бонувон бо дарки бештари масъулият дар корҳои сиёсӣ ва сохторҳои идории кишвар аз уҳдаи вазифаҳои худ ба хубӣ мебароянд”, иброз дошт Нуралӣ Шоҳиён.

 Дар идомаи чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Данғара, муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша Файзиддин баромад намуда, паёми табрикии раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддинро ба саҳми ҳозирин расонид.      

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби маркази таълимӣ-ҳунармадии донишгоҳ “Чаманоро” либосҳои миллии таҳиянамудаи тарроҳон ба намоиш бароварда шуда, барномаи консертӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва меҳри модар пешкаши иштирокдорон гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *