Тақвими рӯз: Аз 65-солагии Салимзода то Рӯзи байналмилалии бекорон

Имрӯз, 28 январ мавлуд доранд:

Мухбира Исмоилова (1941), 80-солагии зодрӯзи олимаи соҳаи педагогика.

Лумониддин Камолиддинов (1951), 70-солагии зодрӯзи журналист.

Олимҷон Салимзода (1956), 65-солагии зодрӯзи адабиётшинос,

Мансур Эркабоев (1946), 75-солагии зодрӯзи санъатшинос, коргардони кино.

Инчунин, 28 январ таҷлил карда мешавад:

Рӯзи байналмилалии бекорон.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи маълумоти шахсӣ.

***

Рӯзи байналмилалии бидуни интернет.

***

Дар Арманистон – Рӯзи қӯшун.

***

Дар Руанда – Рӯзи демократия.

РӮЙДОДҲО: 28 январи соли 2015 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 ВАО хабар доданд, ки Президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи ба муҳлати 120 рӯз  боздоштани қабули гурезагон ба ИМА фармон ба имзо расонид. «Ин амал барои ҳимояи мамлакат аз воридшавии террористони хориҷӣ мебошад»,- гуфт Трамп.

43 сол муқаддам, 28 январи соли 1978 медали ҷашнии «60-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ» таъсис дода шуд.

***

28 январи соли 1986 пас аз 73 сонияи парвоз киштии кайҳонии «Челленждер-10»-и Америка, ки  барои истифодаи чандинбора буд, таркид. Ҳамаи ҳайати сарнишинон, ки аз 7 кайҳоннавард иборат буд, ҳалок гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *