Тақвими рӯз: Аз 70-солагии Азонзод то Рӯзи кормандони ҳифзи меҳнат

Имрӯз 25 январ мавлуд доранд:

Ҷаҳон Азонзод (1951), 70-солагии зодрӯзи доктори илми тиб.

Насиба Маликова (1966), 55-солагии зодрӯзи олимаи соҳаи тиб.

Соҳибҷон Ёқубов (1956), 65-солагии зодрӯзи олими соҳаи педагогика.

РӮЙДОД:

25 январ Рӯзи кормандони ҳифзи меҳнат ва шуғли аҳолӣ.

 25 январи соли 2001 Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як гурӯҳ фаъолони марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, 2 нафар тоҷиконро «барои саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии байналмилалӣ ва ризоият дар ҷумҳурӣ» бо ордену медалҳо сарфароз гардонид.

***

25 январи соли 2016 дар Амстердам Маркази Аврупо оид ба мубориза бо терроризм ифтитоҳ гардид.

***

25 январи соли 1924 дар шаҳри Шамони Франсия маросими кушодашавии аввалин Бозиҳои  олимпии зимистона баргузор гардид.

Инчунин, 25 январи соли 1908 дар Боку аввалин маротиба намоиши операи «Лайлӣ ва Маҷнун» барпо гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *