Табиби тоҷик аз Русия ба Ватан баргашту вафот кард

Табиби осебшинос ва собиқ мудири Бемористони марказии ноҳияи Ашт Озодалӣ Муъминҷонов, дар синни 68-солагӣ аз олам рафт

 Муъминҷонов вақтҳои охир аз маризии сиррози ҷигар ранҷ мекашид ва аз оғози соли равон кор дар бемористони вилояти Свердловски Русияро ҷамбаст намуда, худ дар зодгоҳаш деҳаи Сарой табобат мегирифт.Марҳум аз табибони ҳирфаӣ ва бародари калонии доктори илмҳои филологӣ Зулфиддин Муъминҷонов ва генерал Муъминҷонзода Баҳриддин мебошад.

Озодалӣ Муъминҷонов 15 апрели соли 1952 дар деҳаи Саройи ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт таваллуд шудааст. Соли 1974 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Синоро хатм намуда, дар шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи № 1 и шаҳри Хуҷанд (собиқ Ленинобод) курси интернатурӣ гузаштааст. Аз соли 1976 фаъолияти ҳамчун табиби осебшинос фаъолияти меҳнатиашро дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт шурӯъ намудааст. Соли 1991 мудири шуъбаи осебшиносӣ таъйин шуда то соли 2008 дар ин вазифа кор кардааст. Соли 2009 ба вилояти Свердловски Русия сафар карда аз рӯи ихтисос ҳудуди даҳ сол дар беморхонаи ин кишвар фаъолият намудааст. Соли 2019 Муъминҷонов бо он, ки аз беморӣ ранҷ мекашид, аз Русия ба Ватан баргашт. Ҷанозаи ӯ, дирӯз бо ҳузури пайвандону дӯстон ва ҳамкасбонаш дар деҳаи Саройи ноҳияи Ашт ба хок супурда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *