Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тафсилоти фоҷиа дар роҳи Ваҳдат-Душанбе

Дар натиҷаи ин садамаҳо , дар ду садама 7 нафар ҳалок шуданд

Тавре ВКД шарҳ додааст, тахминан соати 20:50-дақиқаи рӯзи 11-уми апрели соли 2021, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Худойбердиев Ҷамшедҷон Асоевич, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Норак, дар ҳудуди деҳаи Суғдиёни ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «КАМАЗ-5320», ки таҳти идораи ронанда, Шарифов Сайдалӣ Сафаралиевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Фархор, бархӯрдааст.(Дар ин бора pressa.tj хабар дода буд)
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Худойбердиев Ҷ.А. ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур шаҳрвандон: Зикруллоева Савриниссо, соли таваллудаш 1976, Зикруллоева Зуҳро Азизовна, соли таваллудаш 2015, сокинони шаҳри Кӯлоб, Раҳимов Иброҳим Алихонович, соли таваллудаш 1964, Абдиев Ҳабибулло Бозоралиевич, соли таваллудаш 1978, сокинони ҷамоати деҳоти Балховии ноҳияи Муъминобод ва мусофири дигар, марди тахминан 35-40-сола, шахсияташ номаълум, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамчунин, 12-уми апрели соли 2021, тахминан соати 07:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Газел», Рустамов Буво Ёқубҷонович, соли таваллудаш 1962, сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «БМВ», таҳти идораи ронанда, Зоҳидов Амирҷон Аминҷонович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Ғозиёни ҳамин ноҳия, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» Зоҳидов А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, мусофири дохили автомашинаи мазкур Боқиев Султонҷон Маҳмудович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Газел», Рустамов Б.Ё. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.