Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тактикаи нави «Толибон». Ё шарти расидан ба сулҳ кадом аст?

Аз замони имзои созиши сулҳ бо Амрико “Толибон”-ро ҳар чӣ бештар ба кушторҳои ҳадафмандона, аз ҷумла, қатли фаъолони шинохтаи сиёсиву ҷамъиятӣ, муттаҳам мекунанд.

Яке аз охирин қурбониҳо хабарнигор Бисмиллоҳ Одил Аймоқ буд, ки рӯзи 1-уми январ аз ҷониби афроди ношинос дар вилояти Ғӯр кушта шуд. Аймоқ панҷумин журналисти афғон аст, ки дар давоми ду моҳи охир кушта шудаанд. Рӯзи 24-уми декабр дар вилояти Каписо як фаъоли маъруфи зан Фаришта Кӯҳистонӣ аз тири ҳамлагарони мотосиклсавор ҷон дод.

Рӯзи 15-уми декабр бомбаи миқнотисие, ки ба мошини муовини раиси вилояти Кобул Маҳбубуллоҳ Муҳибӣ насб шуда буд, ӯ ва ду нафари дигарро кушт. Қатлҳои охир хашми Ҳукуматро барангехт ва дар миёни сокинони шаҳрҳои кишвар, ки мухолифи ғояҳои “Толибон” ҳастанд, тарс эҷод кард.

Раҳматулло Амирӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ аз Кобул мегӯяд, “Стратегияи нави “Толибон” барои ба даст овардани дили мардум дар манотиқи таҳти назари ҳукумат, бахусус, шаҳрҳо, як амалиёти низомии тарс додан ва амалиёти ҷангии равониро мемонад”.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон”, даст доштани гурӯҳ дар ҳамлаҳоро рад карда, онҳоро як “таблиғот” номид. Вале мақомоти Афғонистон ва нозирони мустақил мегӯянд, ки ҳамлаҳо ба ғайр аз кори дасти “Толибон”, кори гурӯҳи дигаре буда наметавонад.

Аҳмадзиё Сироҷ, сардори Раёсати амнияти миллии Афғонистон аст. Ӯ чанде пеш ба вакилони парлумони Афғонистон гуфт, ки неруҳои амниятӣ 270 ҷангҷӯи” Толибон”-ро, ки дар қатлҳои ҳадафмандона даст доштаанд, дастгир карданд ва ин ҷангҷӯён аъзои як воҳиди “Толибон” бо номи “Убайда Корвон” будаанд.

Дар вокуниш ба афзоиши кушторҳо, мақомот гуфтанд, ки теъдоди маъмурони пулисро дар Кобул ду баробар зиёд мекунанд ва дар ин шаҳр бо харҷи 100 миллион доллар дурбинҳои амниятӣ мегузоранд. Бисёриҳо суол медиҳанд, ки чаро мақомот ин корро пештар накарданд.

Раҳматулло Амирӣ гуфт, “расидагии бесарусомони Ҳукумати Афғонистон ба масоили амниятӣ барои дастболо шудани “Толибон” як имконияти хуб аст”.

Ҳукумат назорати марказҳои маъмурии вилоятҳо, шаҳру маҳаллаҳои бузурги аҳолинишин ва марказҳои ноҳияҳоро ба уҳда дорад, вале танҳо наздики 30 дарсади 407 ноҳияи Афғонистон пурра дар дасти Ҳукумат аст. Дигар минтақаҳо ё беназорат ва ё зери назари “Толибон” мебошанд.

Нозирон мегӯянд, тактикаи нави “Толибон” то ҷое посухи онҳо ба созиши таҳмилшудаи Амрико ва “Толибон” мебошад. Бар асоси ин созиш, шӯришиён ҳақ надоранд, дар марказҳои шаҳрҳо ҳамлаҳои маргталабона анҷом диҳанд. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки “Толибон” инчунин, қавл додаанд, ки бо вуҷуди норизоияти ҷангҷӯёнашон, хушунатро коҳиш медиҳанд.

Дирӯз дар расонаҳо хабаре пахш шуд, ки шарти “Толибон” барои расидан ба сулҳ дар Афғонистон истеъфои Ашраф Ғанӣ Президенти кунунии ин кишвар мебошад. 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.