“Таъмири барқ ё фиреби мардум?»

Дар ҷавоб ба ин номаи сокини бебарқ «Барқи тоҷик» чӣ ҷавоб мегуфта бошад?

Хомӯш кардани барқ дар сар то сари ҷумҳурӣ сабаби норозигии сокинон аз ширкати “Барқи тоҷик” шудааст.Ҳоло номаи бетаҳрири як хонандаро пешкаш мекунем,ки ба Pressa.tj фиристодааст. Ӯ сари ин масъала чунин андеша дорад:

“Таъмири барқ ё фиреби мардум?

Имсол яъне соли 2020, аз  тирамоҳ саркарда ба барқиҶумҳурии азизамон чашм расид. Аз суханони сухангӯи ШСХK «Барқи тоҷик»Нозирҷон Едгорӣ  дар оинаи нилгун ва рӯзномаҳо бар-меояд, ки таъмир рафта истодааст. Ин ҳаммааш дуруғи маҳз аст.Аҷоибаш ҳамин аст, ки дар тамоми ноҳияҳо аз cоати 7.00 и субҳ барқро хомуш менамоянд. Ягон  шахси дахлдор намепурсад,ки талабагон соати б.30 ё 7.00 мехезад, вай ақалан наҳор карданаш даркор, шаб бошад, соати 22.00 барқро хомуш мекунанд, баъдан хобатон мебараду  соати чанде  бошад , дармегиронанд. Баъдмегуянд, ки мо ин қадар соат барк додем. Ана ҳисоботонро ёбеду гиред. Ин як масалеро ба ёд меорад: Модар аз сабаби набудани маводи хӯрданӣ  ба дег сангҳоро андохта алав мондан мегирад. Бо шунидани садои касур- қусури дег фарзандон “ана хурок пухт -мана хӯрок пухт” гӯён  хобашон  мебарад.Ҳозира кушта даргирондани барқ ҳамин масалро ба ёд меорад. Ин ҷо ягон сири махфи ҳаст,агар ҳавзҳо пури об бошад, агрегатҳо коршоям бошад чаро ба мардум 24 соат барқ дода намешавад? Нозирҷон Ёдгорӣ ҳақиққатро  гуфта наметавонанд, бароион ки, метарсанд, ки ротасия нашаванд. Рохбарони «Барқи тоҷик» бояд донанд ки ҷавонони, кибояд ба муҳоҷирати меҳнати мерафтанд,   зиёдашон аз ҳисобимаҳкам будани роҳҳо дар хонаҳояшон монданд. Онҳо аз бепулӣ кувватихаридани ҳезуму ангиштро  надоранд ва базур зиндагиашонро  пеш бурда истодаанд. Солҳои вазнин барои  барк,солҳои ҷорӣ будани реҷа буд, аммо  он вақт дуруг намегуфтанд.Имрӯз бошад, аз рост гуфтан метарсанд.Чаро?

Абдураҳмон Маҳмадқулов,

шаҳри Панҷакент.»

Дар ҷавоб ба ин номаи сокини бебарқ «Барқи тоҷик» чӣ ҷавоб мегуфта бошад?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *