Тангаи нав: Дар яксомонии фулузӣ Турсунзода ҷой шуд

Бонки миллии Тоҷикистон тангаи арзишаш 1 сомониро ба муомилот баровард, ки дар Сиккахонаи Қазоқистон сикка зада шудааст.

Бояд гуфт, ки бори аввал тангаи яксомонӣ дар Тоҷикистон соли 2018 сикка зада шуда буд. Дар рӯи танга арзиши он ва соли сиккааш, ҳамчунин тоҷ бо нишони Тоҷикистон дарҷ шудааст. Дар пушти танга акси Мирзо Турсунзода – шоири маъруфи тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон тасвир ёфтааст. Акси Мирзо Турсунзода қаблан низ пули қоғазии арзишаш 1 сомониро зиннат медод. Пули миллии сомонӣ дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2000 ба муомилот баромада буд,ки аввал дар Олмон чоп мешуд. А.А.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *