Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тазоҳургарони самарқандӣ роҳи мошингардро бастанд

Сокиноне, ки солҳо аз дарёфти гази табиӣ маҳрум буданд, пас аз 9 рӯзи бебарқӣ маҷбур шуданд, роҳи мошингардро банданд.

Дар ноҳияи Пахтачини вилояти Самарқанди Узбекистон сокинон бо талаби таъмини нерӯи барқ роҳи мошингардро бастаанд. Ҳодиса рӯзи 5-уми апрел рух дод.

Мақомоти пулиси Узбекистон гуфтанд, панҷ нафар аз сокинон боздошт шуда, нисбат ба онҳо чораҷӯйӣ хоҳад шуд. Ба иттилои шоҳидон, сокиноне, ки солҳо аз дарёфти гази табиӣ маҳрум буданд, пас аз 9 рӯзи бебарқӣ маҷбур шуданд, роҳи мошингардро банданд.

Дар рӯзи роҳбандӣ интиқоли барқ ба манзили сокинон ба роҳ монда шуд.
Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ба далели боришҳои зиёд рӯзи 28-уми март интиқоли барқ ба маҳаллаи “Сарой”-и ноҳияи Пахтачин қатъ шуд.

“Дар натиҷаи боронҳои пай дар пай чанд трансформатор аз кор баромада, дар натиҷа интиқоли барқ қатъ шуд”, — гуфт як масъули ноҳияи Пахтачин.
“озодӣ”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.