Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Темурмалик: 18 кас заҳролуд шуду 4 кас ҷон бохт

Прокуратураи  ноҳияи Темурмалик ба таҳқиқи заҳролудшавии 18 узви як хонавода оғоз кардаааст, ки 4 нафарашон ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса нимашаби 1-уми октябр дар деҳаи Қуштеппаи ноҳияи Темурмалик рух дода, танҳо ҳоло ҷузъиёти он ошкор гашт.

Ба гуфтаи манбаъ аз прокуратура, дар ҳодисаи зоҳролудшавӣ чаҳор нафар, Умедҷон Ҳамидови 40-сола, Муяссара Қулматоваи 32-сола, Сумая Додозодаи 6-сола ва Рухсора Қулзодаи 2-сола ба ҳалокат расидаанд.

“Тафтиши аввалия муайян кардааст, ки Дадаҷон Нурхонов, рӯзи 30-юми сентябр дар хонааш оши палов омода мекунад ва ҳамаи хонаводаро ба ошхурӣ даъват мекунад. Дар вақти истеъмоли ош як бонкаи дулитраи хуриши иборат аз помидор, пиёз, сирпиёз ва қаланфури булғориро истеъмол мекунанд ва аз ҳамин заҳролуд мешаванд. Ҳоло тафтиш ҷараён дорад ва ташхис дақиқан аз чӣ заҳролуд шудани онҳоро дақиқ хоҳад кард,”- афзудааст  ҳамсуҳбати радиои  “Озодӣ” дар прокуратураи  минтақаи Кӯлоб.

Чаҳор нафар аз заҳролудшудагон ҳоло дар шифохонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб бистариянд ва пизишкон аҳволи онҳоро муътадил мегӯянд.

Абдукарим Шокиров, сартабиби ин бемористон рӯзи 14-уми октябр гуфтааст,ки  аз шаш нафаре, ки аввал ба бемористон оварда шуданд, тамоми узвҳои баданашон заҳролуд шуда буд, аз ин рӯ табибон натавонистанд чаҳор нафари онҳоро наҷот диҳанд.

“Мо барои наҷоти дигаронашон тамоми талошамонро кардем. Ҳоло чаҳор нафари дигараш мондааст, рӯзҳои наздик ҷавобашон медиҳем”,—гуфтааст сардухтур.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.