Тихоновская рафтани Лукашенкоро “амри замон” гуфт

Номзади собиқи президенти Беларус Светлана Тихановская муътақид аст, ки даст кашидани сарвари давлат Александр Лукашенко аз қудрат танҳо амри замон аст ва ин кор ҳатман сурат хоҳад гирифт.

Дар ин бора рӯзномаи The Washington Post хабар медиҳад.

«Мо, ҳамчун як кишвар, аз нуқтаи бозгашт гузаштем. Лукашенко ҳамчун раҳбари ин кишвар ояндае надорад ва рафтани ӯ аз қудрат танҳо амри замон аст» гуфт Тихановская.

Вай бовар дорад, ки идомаи тазоҳуроти сулҳомез барои пирӯзии мухолифон кофӣ хоҳад буд.

Гузашта аз ин, Тихоновская ба Путин муроҷиат намуда истода, ӯро огоҳ мекунад, ки қарзи ба Лукашенко додаи Русияро танҳо бояд худи Лукашенко адо кунад, на мардуми Белорус

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *