Тими миллии Тоҷикистон бе медал бармегардад

Охирон умеди умедворон ба ноумеди бадал шуд. Олимпиадаи Токио ба варзишгарони тоҷик насохт. Ин ҳам як имтиҳон аст. Бояд Кумитаи олимпии кишвар минбаъд сари ин масъала дурустар тасмим бигирад. Кӣ медонад, варзишгарони тоҷик дар кадом шароиту дар кадом ҳолат тармим мекарданд. Имрӯз 31.07.21 ҳамаи варзишгарон баромадҳои худро дар риштаҳои худ ба анҷом расонданд. Ва Тоҷикистон аз медалҳои олимпӣ дигар ягон умеде надорад.

Гулсумбӣ Шарифова аввалин шуда пеш аз сафар ба Токио бинобар бардоштани лат ҳангоми тамрин аз Олимпиада маҳрум гашт
Дар натиҷа танҳо 10 варзишгар аз Тоҷикистон ба Токио парвоз карданд.
Нахустин шуда, дар Ҷопон дар марҳилаи 1/16 муштзани тоҷик Шаббос Негматуллоев шикаст хӯрд.

Пас аз ӯ ҷудокорон яке пайи ҳам шикаст хӯрданд. Дар 1/16 рӯзи 26 июл Сомон Маҳмадбеков аз ҳарифи озарбойҷонияш шикаст хӯрд.
Санаи 27 июл, Акмал Муродов дар набард бо намояндаи Гурҷистон дар марҳилаи интихобӣ мағлуб шуд.

Рӯзи дигар — шикасти дигар: 28 июл Комроншоҳ Устопириёнро варзишкори фаронсавӣ аз идомаи рақобатҳо маҳрум сохт.

Дар марҳилаи интихобӣ ҳамчунин муштзани гаронвазн Сиёвуш Зухуров аз ҳарифи фаронсавияш мағлуб шуд.

Темур Раҳимов низ пас аз як пирӯзӣ рӯзи 30 июл дар даври 1/16 ниҳоӣ аз варзишгари гурҷӣ мағлуб шуд.

Худи ҳамон рӯз, шиноварони тоҷик низ Олимпиадаро тарк карданд. На Анастасия Тюрина ва на Олимҷон Ишанов натавонистанд аз даври интихобӣ берун шаванд.

Субҳи 31 июл низ барои мухлисон аз Токио хабари хуб набуд: варзишгарон охирин шонси дастёбӣ ба медалро аз даст доданд.
Муштзан Баҳодур Усмонов аз варзишгари ӯзбек мағлуб шуд ва давандаи тоҷик Илдар Аҳмадиев натавонист аз варзишгарони африқоӣ дар давидан ба масофаи 100 метр пеш гузарад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *