Тоқаев ҳолати изтирориро дар се вилояти Қазоқистон лағв кард

Имрӯз, 13 январ, дар вилоятҳои Қазоқистони Ғарбӣ, Қазоқистони Шимолӣ ва Павлодари Қазоқистон ҳолати изтирорӣ лағв карда шуд. Фармонҳои дахлдорро президент Қосим-Жомарт Тоқаев имзо кардааст.

Дар ин бора Rbc.ru хабар дода, ёдовар мешавад, ки вазъи изтирорӣ дар саросари Қазоқистон шоми 5-уми январ бо далели тазоҳуроте, ки дар аввали моҳ сар зад, ҷорӣ гардид. Қабл аз он дар чор минтақа, аз ҷумла Нурсултон ва Алмаато вазъи изтирорӣ эълон шуда буд.

Нахуст эътирозҳо танҳо ғарби кишварро фаро гирифта буданд, ки сабаб болоравии нархи гази моеъ буд. Баъдтар, эътирозҳо ба дигар шаҳрҳо паҳн шуданд. Дар Алмаато — пойтахти собиқи кишвар рӯзҳои 4 ва 5-уми январ тазоҳуроти эътирозӣ ба задухӯрд бо пулис ва ҳамла ба биноҳои маъмурӣ табдил ёфт. Дар баробари ин, фурудгоҳи шаҳр як муддат забт карда шуд.

Пас аз эълони вазъи изтирорӣ Тоқаев аз кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) кумак хост. Русия, Арманистон, Қирғизистон, Белорус ва Тоҷикистон, ки узви СПАД ҳастанд, барои ҳифзи биноҳои калидӣ ба Қазоқистон неруҳои посдори сулҳ фиристоданд. Рӯзи 11-ум Тоқаев аз хурӯҷи тадриҷии неруҳои СПАД аз ин кишвар оғоз аз 13-уми январ хабар дод.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.