Тоҷик дар Ӯзбекистон вазир таъин шуд

Абдуқодир Тошқулови 45-cола, зодаи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон аз шахсони боэътимоди Шавкат Мирзиёев мебошад.

Палатаи поёнии парлумони Узбекистон рӯзи 13 январ номзадии Абдуқодир Тошқуловро ба вазифаи вазири маълумоти олӣ миёнаи махсуси Узбекистон кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон ба нақл аз хадамоти матбуоти Олий Маҷлиси Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, тибқи тартиб, дар марҳилаи оянда пас аз тасдиқи фармон аз ҷониби Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон Абдуқодир Тошқулов метавонад ба кор оғоз кунад.
Ӯ дар ин мақом Инъом Маҷидовро ки аз соли 2017, ки дар ин мансаб менишаст, иваз кунад.
Абдуқодир Тошқулови 45-cола, зодаи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон аз шахсони боэътимоди Шавкат Мирзиёев гуфта мешавад.
Соли 2017 бо қарори ҳукумати Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов ректори Донишгоҳи давлатии Тирмиз таъин шуд ва худи ҳамон сол сенатори Ӯзбекистон интихоб шуд.
Узви Сенати Узбакистон Абдуқодир Тошқулов дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки 1 марти соли 2020 ва интихоботи президентии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 баргузор шуда буд, нозир буд.
“Абдуқодир Тошқулов, миллаташ тоҷик пай дар пай ду даъват — аз соли 2009 то 2017 вакили палатаи поёнии парлумони Узбекистон буд» омадааст, дар иттилоияи Комиссияи марказии интихоботии ҷумҳурӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *