Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тоҷик муовини сарвазири Қирғизистон таъин шуд

Бо пешниҳоди Садир Жапаров, Сарвазири тозаинтихоби Қирғизистон Сабиров Равшанбек Азатович -собиқ муовини раиси Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон, раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ муовини Сарвазири Қирғизистон таъин гардид.

Равшанбек Садиров дар гузашта вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон низ буд.

Сабиров Равшанбек Азатович 50 сол дошта, 18 феврали соли 1970 дар ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Хатмкардаи Академияи гумруки Россия (1999) ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.

Таъиноти ӯ ба мансаби муовини сарвазир дар ҳайати нави Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон 14 октябри соли 2020 аз тарафи депутатҳои парлумони Қирғизистон тасдиқ гардид.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj