Тоҷикистон аз се ваксина истифода хоҳад бурд

Сардори Раёсати санитарӣ-эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҷаъфаров Навруз, гуфтааст, ки дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба ва бино ба тавофуқе, ки миёни раҳбарони ду кишвар ҳосил шудааст, 150 ҳазор вояи ваксинаи “Коронавак” аз сӯи тавлидгари чинӣ “Синовак” ба Тоҷикистон хоҳад омад.
“Ин теъдод ваксина замоне интиқол хоҳад ёфт, ки ҷониби Чин теъдоди мавриди назарро омода мекунад ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон нақлиёти ҳавоиро фароҳам хоҳад сохт”, — гуфт Навруз Ҷаъфаров.
Ин дуввумин ваксинаест, ки аз сӯи созмону кишварҳои хориҷӣ ройгон дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дода мешавад. Қаблан бо мусоидати Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ЮНИСЕФ 192 ҳазор вояи ваксинаи “АстраЗенека” – и сохти Аврупо аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон интиқол ёфта буд.

Ваксинаи дигаре, ки Тоҷикистон мехоҳад ворид кунад, “Спутник V” – и Русия аст, ки бино ба гуфтаи сардори Раёсати санитарӣ-эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, масъалааш дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар баррасӣ мешавад.
Тибқи иттилои расмӣ, то субҳи имрӯз, 19 апрел, 35 ҳазору 224 нафар, умдатан кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60-сола боло, нафарони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маорифу илм эмгузаронӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *