Тоҷикистону Ӯзбекистон робитаҳои дӯстонаи театрҳоро таҳким мебахшанд

Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон миёни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии академии калони Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории фарҳангӣ созишномаи ҳамкории мутақобилан судманд буда, ба рушди муассир ва таҳкими робитаҳои дӯстонаи театрҳо мусоидат мекунад.

— Ҳуҷҷати имзошуда барои фаъолияти ҳунарии дастаҳои ҳарду тараф имконият фароҳам меорад, то дар оянда театрҳо солистон ва гуруҳҳои иҷрокунандаро иваз кунанд ва лоиҳаҳои якҷояи эҷодиро амалӣ намоянд. Мутахассисони варзидаи ҳарду театр тибқи ин Ёддошти тафоҳум метавонанд дарсҳои маҳорат баргузор намуда, дар озмунҳои мусиқӣ, фестивалҳо ва дигар чорабиниҳо иштирок намоянд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *