Толбон дуруғ гуфтанд: Писари Дӯстум асир наафтодааст

Намояндаи маршал Абдурашид Дӯстум хабар дод, ки Ёрмуҳаммад писар ва яке аз фармондеҳони нерӯҳои муҳофизатӣ ва зарбабатии маршал дар Ҷузҷон ба асорат наафтодааст ва ҳоло ӯ дар Мазори Шариф қарор дорад

Чанде пеш  гурӯҳи Толибон дар расонаҳо эълон карданд, ки ҷангҷӯёнашон  писари маршал Дӯстум сарҳанг, Ёрмуҳаммад Дӯстумро ба асорат гирифтанд.

Аҳмади Нерӯ, сӯхангӯи маршал Дӯстум ба Sputnik Тоҷикистон ин иддаои Толибон*-ро рад кард ва гуфт ҳоло Ёрмуҳаммад дар Мазори Шариф Қарор дорад.

Манбаъ таъкид дошт, ки шаби 7 август соати 03:00 шаб баъд аз суқути шаҳри Шебирғон тариқи чархболҳои низомӣ, Ёрмуҳаммад бо ҳамроҳии як гурӯҳи сарбозонаш аз ин минтақа ба Мазори Шариф интиқол дода шуд.

“Ӯ ҳамроҳ бо падараш аст. Дар Мазори Шариф қарор дорад. Ҳоло маршал бо писараш рӯи барномаҳои амалиётӣ дар шимол барои озод кардани Ҷузҷон кор доранд”, — гуфт Аҳмади Нерӯ сухангӯи Маршал Дӯстум .

Вай илова кард, ки як гурӯҳи сарбозони Ёрмуҳаммад ҳоло дар роҳ ҳастанд, онҳо аз сӯи Ҷузҷон ба тарафи Мазори Шариф ҳаракат доранд.

“Барои пуштибонӣ аз онҳо таёраҳои низомӣ фиристода шудаанд. Роҳҳо таҳти контроли Толибон аст ва ба ҳамин хотир онҳо бо ҷанг бояд барои худ роҳ кушоянд ва ба тарафи Мазори Шариф биёянд”, — қайд кард манбаъ

Ёрмуҳаммад дар ҷангҳо аз ҷунбиши миллии маршал Дӯстум нақши ҳалкунанда дорад ва нафари дуюм дар ҷунбиши миллии исломии Афғонистон аст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо шуд, ки писари раҳбари барҷастаи низомии Афғонистон маршал Дӯстум гӯё ӯ ҳамроҳ бо дигар сарбозон дар фурудгоҳи Шибирғон, маркази вилояти Ҷузҷон таслим шудааст

Ёдовар мешавем, ки маршал Дӯстум чанде пеш аз Туркия баргашт. Аз он вақт инҷониб Толибон* хонаи ӯро оташ задаанд.

Худи Дӯстум рӯзи чоршанбеи гузашта гуфта буд, ки Толибон* дар шимоли кишвар шикаст хоҳанд хӯрд. Фармондеҳи афғон ишора кард, ки сокинони шимоли Афғонистон бар зидди ҷангҷӯён қиём хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *