Толеъномаи 14-уми феврали соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз мушкиливу ташвиши зиёде ба саратон меояд. Аз шахси бароятон наздик хабаре мешунавед, ки боиси тағйир додани нақшаҳоятон мегардад. Ба дӯстдоштаатон кӯмаки шумо лозим мешавад. Дар ҳалли масъалаҳои пулӣ на ба маслиҳати бегонаҳо, балки ба маслиҳати наздикон гӯш диҳед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Кори зиёд боиси камқувватӣ ва ҳатто рӯҳафтодагиятон мегардад, вале фаромӯш накунед, ки ҳар қадаре кӯшиши зиёд ба харҷ диҳед, ҳамон андоза дар масъалаҳои тиҷоратӣ бурд мекунед. Нотоб шуданатон ба рафти корҳоятон таъсири манфӣ мерасонад. Вохӯрие имкон дорад, ки нохушиҳои зиёдро ба бор меорад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар давоми рӯз муносибатро бо наздикон ва ҳамсояҳо нисбатан беҳтар месозед. Таъмири хона ё хариди мебели нав бобарор анҷом меёбад. Робитаҳои кандашудаи дӯстиро барқарор мекунед. Гувоҳии дилатон рӯзҳои наздик амалӣ мегардад. Баъзе рафтори шумо боиси норозигии ҳамкоронатон мегардад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи мусоид аст. Имрӯз имкони истироҳат карданро пайдо мекунед. Орзуятонро амалӣ карда, хариди бобароре мекунед, ки аҳли оилаатонро шод месозад. Дар ҷойи кор аз муноқиша худдорӣ намоед, фаромӯш насозед, ки душман доред. Зудбоварии шумо барои ба мақсад расидан монеа эҷод мекунад.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз заҳмати зиёд мекашед. Тамоми қувваву маҳорати худро ба харҷ дода, дар ҳама кор бурд мекунед. Атрофиён ҷонибдори шумо мегарданд, ҳамчун мутахассиси хуб ҳурмату қадрдонӣ мекунанд, вале шумо аз худ наравед. Барои ба даст овардани даромади пулӣ бояд маблағ сарф кунед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи душвор аст, дар ҷойи коратон мушкилиҳо пеш меоянд. Баъзеҳо бо роҳбарият муноқиша мекунанд. Оромиро нигоҳ дошта, ба муноқиша роҳ надиҳед ва ғалатҳои худро ба гардан гиред, он гоҳ тамоми нофаҳмиҳо рафъ мегарданд. Корҳои нави тиҷоратиро ба нақша нагиред, вагарна корҳоятон барор намегиранд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз аз пешниҳодҳои фиребанда, шиносоиҳои тасодуфӣ ва амалҳои хавфнок худдорӣ намоед. Хабари ногаҳонӣ боиси тағйир ёфтани нақшаву ниятҳоятон мегардад. Харидорӣ намудани либосу ҷавоҳиротро тавсия намедиҳем, вагарна моли бесифатро ба даст меоред. Либосҳои куҳна ва ҳуҷҷатҳои нодаркорро напартоед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба корҳои хатарноку баҳсу мунозира роҳ надиҳед ва ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ ҳушёр бошед . Хатари ҷароҳат бардоштану ба садама гирифтор шуданатон зиёд аст. Ба ҳар гуна ҳодисаҳои ногаҳонӣ омода бошед. Бо худ маблағи калони пулиро нагардонед, хатари ба доми дуздон афтиданатон имкон дорад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Бо калонсолони оила муноқиша карданатон имкон дорад. Ҳангоми рафъ намудани мушкилиҳои хеле вазнин оромиро нигоҳ доред. Танҳо сабру таҳаммул намуда, вазъиятро беҳтар карда метавонед. Баъди нисфирӯзӣ ба асабоният гирифтор шуданатон имкон дорад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи бебарор аст. Дар ҷойи кор ё ҳангоми робита бо хешони дуратон муноқиша рух медиҳад. Муоширатро кам кунеду бо касе шинос нашавед, таъсири бегонаҳо садди роҳи пешравиҳоятон мегардад. Дар ин рӯз чизҳои куҳнаро напартоед, рӯзҳои наздик ба ин чизҳо сахт ниёз пайдо мекунед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ҷойи кор ё бо наздикон муноқиша имкон дорад. Рӯзи бебарор аст. Хатари ба ғалат роҳ додану ба нофаҳмӣ гирифтор шуданатон имкон дорад. Ҷиҳатҳои манфии рӯзро бо сабру таҳаммул рафъ карда метавонед. Нафаре бо мақсади ғазаби шуморо овардан хабари дурӯғ мерасонад. Ба душманони худ бовар накунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Нимаи аввали рӯз бобарор оғоз мешавад, вале баъзе нақшаву ниятҳоятонро пинҳон доштанатон хубтар аст. Дар давоми рӯз аз ҳайвонҳои калони хонагӣ эҳтиёт шавед. Ҳангоми ҳисобу китоби пул ва кор бо ҳуҷҷатҳои муҳим ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ва истеъмоли гӯштро тавсия намедиҳем.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *