Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толеъномаи 24-уми августи соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ба садои қалби худ гӯш андозед. Хусусан, дар робита бо нафароне, ки ба асабатон мерасанд, ба як қарори муайян омаданатон лозим аст. Айни замон дӯстро аз душман фарқ карданатон осон мегардад. Кӯшиш намоед, ки пул қарз надиҳед, вагарна онро дар рӯзҳои наздик гирифта наметавонед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ягон санҷиши ҷиддӣ ва комёбии назаррас дида намешавад. Диққати худро ба масъалаҳое равона созед, ки ба осонӣ рафъ мегарданд. Дигар камбудиҳоро нодида гиред ҳам, мешавад. Нимаи дуюми рӯз ба корҳои бегонагон бинӣ нахалонед. Эҳтимоли рух додани нофаҳмӣ бо ҳамкорон вуҷуд дорад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи хубест барои корҳои ақлонӣ ва эҷодӣ. Нафароне, ки нияти аз худ намудани касбу ҳунари навро доранд ё забон омӯхтан мехоҳанд, аз ҳамин рӯз сар карда, аз пайи омӯзиш шуданашон лозим аст. Хариду фурӯши хона бобарор анҷом меёбад, аммо ҳангоми тахт намудани ҳуҷҷатҳои хона эҳтиёткор бошед.    

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ба истироҳат, сафару саёҳат ё тамошои манзараҳои дилфиреби диёрамон машғул шудан боиси оромиши асабҳо ва истироҳати бофароғати шумо мегардад. Нафароне, ки бо рафъ намудани мушкилоти ҳуқуқӣ машғул мешаванд, дучори монеае намегарданд. Даромади иловагӣ дар назар нест.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз кори наверо оғоз карданатон хуб нест. Агар ягон коратон барор нагирад, беҳтараш онро ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта хеле хубу гуворо сурат мегиранд. Шиносоиҳои нав табъатонро болидаву хотиратонро шод мегардонанд.    

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ҷодаи касбӣ ҳамаи коратон аз рӯйи реҷа ҷорӣ мегардад. Диққати бештари худро ба саломатӣ равона созед. Дар ҷодаи муҳаббат танҳо хабарҳои хуш мешунавед ва тағйиротҳои ғайриодӣ рух медиҳанд. Ба нафароне, ки баъди нисфирӯзӣ аз шумо қарз мепурсанд, дарҳол бовар карда, пул қарз надиҳед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз дар касбу коратон тағйиротҳои ҷиддӣ рух медиҳанд. Дар ҷодаи муҳаббат нисбати ёратон меҳру муҳаббати беандозаро эҳсос мекунед. Баъзе мизонҳои муҷаррад муҳаббати деринтизори худро пайдо месозанд. Саломатиатонро эҳтиёт кунед, аз пурхӯрӣ ва корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед.    

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз корҳоеро ба нақша гиред, ки муддати дароз аз уҳдаашон намебаромадед. Агар нафаре аз шумо кӯмаку маслиҳат пурсад, ҷавоби рад надиҳед ва аз рӯйи имкону вазъият амал намоед. Аз сарфи маблағи барзиёд худдорӣ намоед. Қарз гирифтану қарз доданро дар ин рӯз маслиҳат намедиҳем.    

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Айни замон дар шоҳроҳи зиндагиятон имтиҳоне пеш меояд, ки ҳатман аз он гузаштанатон лозим аст. Минбаъд ҳама чиз аз худи шумо вобастагӣ дорад. Аз одамоне, ки ба одамгарияшон бовар надоред, кӯмак напурсед ва ба касе чизеро ваъда надиҳед, ба гумон аст, ки аз уҳдаи иҷрои ваъда бароед.    

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ба шарте рӯзи бобарор мешавад, ки бо наздикони худ баҳсу мунозира накунед. Бо корҳои муфиди ҷамъиятӣ ё коре машғул шавед, ки бароятон эҳсоси қаноатмандӣ бахшида тавонанд. Эҳтимоли бо ошиқи пешина оштӣ шуданатон вуҷуд дорад. Рӯзи хубест барои тахт намудани ҳуҷҷатҳои муҳим.    

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз қувваву нерӯи зиёдеро эҳсос мекунед, аз ин рӯ, вақти пурқиммати худро ба корҳое равона созед, ки чанд муддат дар иҷро карданашон душворӣ мекашидед. Корҳоятон барор мегиранд. Рӯзи хубест барои харид кардану ба бозору мағоза рафтан. Баъзе ашёҳои кӯҳнаи хонаатонро партоед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз қувваи зиёди равонӣ ва ҷисмониатон сарф мегардад. Ба ҳар ҳодисае, ки дар ин рӯз рух медиҳад, чун ба имтиҳони тақдир назар кунед. Айни замон бо мушкилии худ ба роҳбарият муроҷиат карданатон лозим нест. Дар лаҳзаҳои бекорӣ бо корҳое машғул шавед, ки табъатонро хуш сохта тавонанд.  

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.