Толибон: Ҳайбатуллоҳ зинда аст

Сухангӯи Толибон кушта шудани мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари ин гурӯҳро бар асари инфиҷор дар Покистон такзиб кард
Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯии Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон) эълом кард, ки Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбари ин гурӯҳ дар шаҳри Кувайтаи Покистон зиндагӣ намекунад, ки ҳодисаи инфиҷори барояш рух дода бошад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон дар истинод хабаргузории Тасним.
Бархе расонаҳои Афғонистон имрӯз ълом карданд, ки раҳбари Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон ) ба ҳамроҳи чанд нафар аз аъзои аршади ин гурӯҳ дар инфиҷоре дар минтақаи Чолўи боварии шаҳри Кувайтаи Покистон кушта шуд.
Дар ҳамин ҳол, Муҷоҳид афзуд, ки дар чанд моҳ қабл низ хабаре бо ҳамин ҷузъиёт мунташир шуд, ки Толибон дар он замон ҳам ин хабарро рад кард ва ин бор ҳам мегӯем, ки ин хабари нодуруст ва дур аз воқеъият аст.
Сухангӯи Толибон интишори ин ахборро кори душманони ин гурӯҳ донист ва муддаӣ шуд, ки мухолифони Толибон ҳар гоҳ таҳти фишор қарор мегиранд ва ё эҳсоси хатар мекунанд ба овозахо доман мезананд то зеҳнҳои мардумро норушан кунанд.
Мулло Ҳайбатуллоҳ, ки дар даврони ҳукуматдории Толибон қозиюлқуззот буд пас аз кушта шудани Ахтар Муҳаммади Мансур-раҳбарии Толибонро бар ӯҳда гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *