Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толибон ба интихобот боварӣ надоранд

Хабаргузории Садои Афғон иттилоъ додааст,ки , сухангӯи Толибон ( дар Тоҷикистон мамнӯъ) Забиҳулло Муҷоҳид гуфтааст,ки бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаҳои интихоботи гузашта дар Афғонистон, ин гуруҳ ҳеҷ гоҳ дар ин раванд иштирок нахоҳад кард. Сухангӯи Толибон гуфтааст: “Натоиҷи интихоботи 20 соли гузаштаро дидаем. Мо ҳечгоҳ роҳҳоеро пеш намегирем, ки аз тариқи ришва ва таблиғот бо ҳадафи фиреби мардум ба пеш рафта ва ба шикаст мунтаҳӣ мешавад.”Тавре иттилоъ дода шуда буд, чунин пешниҳод аз ҷониби президенти Афғонистон шраф Ғанӣ сурат гирифта буд.

Гуфтугӯи навбатии сулҳи Афғонистон барои моҳи апрел дар Истанбул дар назар аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.