Толибон ба ваҳшоният даст мезананд: 27 тифл куштаву 136 нафар захмӣ

Толибон ба ваҳшоният даст мезананд: 27 тифл куштаву 136 нафар захмӣ

Дар бисёре аз минтақаҳои ҷангзада  сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла кӯдакон, қурбонӣ мешаванд. UNICEF – Бунёди Созмони Милал марбут ба кӯдакон – рӯзи 9-уми август гуфт, дар даргириҳои саросари вилоятҳои Қандаҳор, Хуст ва Пактиё дар се шабонарӯзи гузашта андрқариб 27 тифл куштаву 136 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳерве Людовик Де Лис, раҳбари дафтари UNICEF дар Афғонистон, дар як изҳороти имейлӣ гуфт: “UNICEF аз босуръат афзудани хушунатҳо алайҳи кӯдакон дар Афғонистон изҳори ингаронӣ кард. Ваҳшоният рӯз ба рӯз бештар мешавад”.

Даҳҳо зану кӯдаке, ки дар байни оташи ҷанг дар Кундуз ва Ҳирот мондаанд, ҷони худро аз даст доданд.

Бино бар бад шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон, шаш кишвар – Белгия, Олмон, Австрия, Нидерландия, Дания ва Юнон дар номае ба ниҳоди иҷроияи Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, пеши роҳи ҷараёни хориҷшавии  паноҳҷӯён аз Афғонистон набояд қатъ шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *