Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толибон дар Қандаҳор 4 фармондеҳро эъдом карданд

Толибон (созмони террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст) чаҳор фармондеҳи афғонро, ки дастгирии режими кӯҳнаро идома медоданд, ба таври оммавӣ эъдом карданд. Муслим Ширзод, як корбари интернет дар Твиттераш гуфтааст, ки ин ҳодиса дар варзишгоҳи Қандаҳор рух дод. Журналист видеоеро нашр кард, ки ҷамъ омдани ҳазорон нафарро дар наздикии варзишгоҳ нишон медиҳад. Вай қайд кард, ки мардум барои тамошои қатл ҷамъ омада буданд. Яке аз қурбониён Ҳошим Регвал шахси наздики генерал Абдул Газзак, сардори пешини пулиси Қандаҳор буд. Вай соли 2018 дар қароргоҳи губернатори вилоят, пас аз анҷоми музокирот бо Остин Скотт Миллер, ки фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА ва НАТО дар Афғонистон буд, кушта шуд. Ёдовар мешавем, ки ин аввалин қатл дар Қандаҳор нест. Аввали моҳи август ҷангиён тақрибан 900 нафарро эъдом карданд. Дар байни қурбониён командони полис ва мақомоти давлатӣ буданд

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.