Толибон дар Маскав, чӣ гуфтанду чӣ шуниданд

Абдусалом Ҳанафӣ, ноиби сарвазири ҳукумати «Толибон»* дар ҷамъбасти мулоқоти Маскав гуфт, ки ин вохӯрӣ дар фазои мусбат баргузор шуд. «Ҳамаи кишварҳои иштирокдор таъйид намуданд, ки Афғонистон бояд кишвари амну муътадил бошад», — изҳор дошт ӯ. Ба гуфтаи Ҳанафӣ, ки дар садри ҳайати «Толибон»* дар Маскав қарор дорад, ҳамаи кишварҳои иштирокдор муҳимияти тамосҳо бо ин гуруҳро таъкид намуданд. Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи умури хориҷии ҳукумати «Толибон»*, гуфт, кишварҳои иштирокдор ҷонибдорияшонро аз бозгушоии дороиҳои Афғонистон дар бонкҳои хориҷӣ баён доштанд. Инчунин таъкид шудааст, ки ҳукумати феълӣ дар Афғонистон ниҳоӣ набуда, он таҷдид мешавад. Мулоқоти «формати Маскав» бо иштироки ҳайати «Толибон»*, вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, намояндаи махсуси президенти Русия Замир Кабулов, сафири Русия дар Афғонистон Дмитрий Жирнов ва инчунин дипломатҳои кишварҳои минтақа, ки муқими Маскаванд, баргузор шуд. Қаблан хабар дода шуд, ки дар ҷараёни машваратҳо дар бораи Афғонистон дар Маскав намояндаи махсуси президенти Русия дар умури Афғонистон Замир Кобулов ба мавзӯи эътирофи байналмилалии ҳукумати «Толибон»* дахл кард. Ин сиёсатмадор афзуд, ки дар робита ба ин масъала барои «Толибон»* «ҳеҷ муҳлат»-е муқаррар нашудааст. Намояндаи Вазорати хориҷа қайд кард, ки Русия интизор дорад, ин гурӯҳ ваъдаҳои худ ба ҷомеаи байналмилалиро иҷро мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.