Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толибон маркази вилояти Нимрӯзро гирифтанд

Ҷангҷӯёни Толибон рӯзи ҷумъа назорат бар шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯз (дар марз бо Эрон)-ро ба таври пурра ба даст гирифтаанд. Ин аввалин маркази як вилояти Афғонистон аст, ки ба дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи ифротӣ суқут мекунад.
Толибон шаби гузашта як вулусволӣ ё ноҳияи Нимрӯзро (дар 40-километрии Заранҷ) низ тасарруф карданд ва дар ин ҳодиса беш аз сӣ нерӯи амниятӣ кушта ва захмӣ шуданд.
Эрон рӯзи ҷумъа дар наздикии марз бо Афғонистон урдугоҳ ё паноҳгоҳро барои муҳоҷироне, ки аз Афғонистон меоянд, сохтааст.
Субҳи ҷумъа 40 дарсади мардуми Заранҷ, аз ҷумла аъзои нерӯҳои амниятӣ ва оилаҳояшон пеш аз ин ки шӯришиён дохили шаҳр шаванд, ба урдугоҳи “Абрешим”, ки дар он тарафи сарҳад аз сӯи Эрон сохта шуда буд, паноҳ бурданд. Баъзе аз паноҳҷӯён мегӯянд, марзбонҳои эронӣ онҳоро гузаштан намонданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.