Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толибон роҳгум задаанд. Ягон кишвари дунё онҳоро ба расмият нашинохтааст

Суханронии намояндаи ҳукумати пешини Афғонистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лағв шуд. Ғулом Муҳаммад Исҳоқзай тибқи барнома бояд рӯзи душанбеи 27-уми сентябр дар нишасти солонаи Маҷмаи умумии СММ суханронӣ мекард.

Cухангӯи раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба расонаҳо иттило додааст, ки Афғонистон ба унвони узви СММ дархост барои суханронии намояндаи худро бекор кардааст. Ӯ гуфтааст, дафтари Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид сабаби бекор кардани суханрониро дар Маҷмаи умумии СММ шарҳ надодааст.

Ғулом Муҳаммад Исҳоқзай мавзеъгириҳои сахт нисбати Толибон дорад ва қаблан аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста буд, ин гуруҳи ифротиро ба расмият нашносанд.

Чанд рӯз қабл гуруҳи Толибон аз Созмони Милали Муттаҳид хоста буд, ки Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон барои суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид даъват шавад.

То ба имрӯз ҳеҷ кишвар ҳукумати Толибонро ба расмият нашнохтааст. То ба ҳол Ғулом Муҳаммад Исҳоқзай намояндаи ҳукумати пешини Афғонистон намояндаи ин кишвар дар СММ мебошад. Толибон дар номаи худ ба СММ таъкид карда буд, ки оқои Исҳоқзай дигар намояндаи Афғонистон дар ин созмон буда наметавонад.

Бо таваҷҷуҳ ба он, ки ҳеҷ кишвари ҷаҳон ҳукумати Толибонро ба расмият нашнохтааст, дар соли ҷорӣ ҳеҷ намояндае аз Афғонистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ нахоҳад дошт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.