Толибон: Ташаккури зиёд ба Путин!

Мақомоти Кобул аз президенти  Русия Владимир Путин ва Вазорати дифои ин кишвар барои интиқоли кумаки башардӯстона изҳори сипос намуданд.

Дар ин бора РИА «Новости» аз қавли раиси Идораи ҳолатҳои изтирории Кобул Мирвайс Ватанмол хабар дод.

«Ташаккури зиёд ба президенти Русия, Вазорати дифоъ ва шахсан ба вазири дифои Русия Сергей Шойгу. Мо хеле шодем ва интизори кумакҳои нав ҳастем», — омадааст дар хабар.

Ватанмол дар идома вазъи феълии Афғонистонро басо мураккаб арзёбӣ карда гуфт, кумакҳои ирсолнамудаи Русияро ба ниёзмандон дар Кобул тақсим мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ноамниҳои ахир боис шуданд, ки муҳоҷирати дохилӣ дар Афғонистон рӯ ба афзуншавӣ ниҳад. Ва аксари муҳоҷирон маҳз маскуни Кобул шуда, дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор доранд, илова намуд ӯ.

Ин мақомдори ҳукумати Толибон мегӯяд, зимистони дарпешистода мушкили шаҳрвандони Афғонистонро боз дучанд мекунад.

Ҳавопаймои Вазорати мудофиаи Русия 36 тонна кумакҳои башардӯстонаро ба Кобул бурд. Ин кумакҳо аслан маводи ғизоӣ ва дорувориянд. Дар ҳамин ҳол сафири Русия дар Афғонистон Дмитрий Жирнов изҳор доштааст, ки Русия тасмим гирифтааст, беш аз 100 тонна кумакҳои башардӯстонаро ба Афғонистон фиристад

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.