Тошиев: Мо муноқишаро намедонистем ва аз Тоҷикистон ҳам кумак намепурсем…

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҳангоми боздид аз деҳаи Мақсати ноҳияи Лайлак, ки ҳангоми муноқиша дар марз хароб шудааст, ба саволҳои хабарнигорон посух дод.

Дар вохӯрии дирӯза Раиси КДАМ-и Қирғизистон рӯзноманигор аз ӯ суол кард, ки чаро рӯзи парвози ӯ ба Олмон ва санаи оғози таниш дар марз рост омад (пештар Қамчибек Тошиев гуфта буд, ки аз оғози низоъ дар марз мақомот огоҳ буд )

«Ҳеҷ кас намедонист, ки муноқиша мешавад, донистани ин ғайриимкон аст. Аммо мо медонистем, ки то андозае вазъ дар марз шадидтар мешавад. Мо чораҳои дахлдор андешидем. Бовар дорам, ки ин чораҳо ба мо то андозае кумак карданд», — гуфт ӯ.

Вай ҳамчунин гуфт, ки Қирғизистон барои барқарор кардани хонаҳои тахрибшуда аз Тоҷикистон кумак намепурсад.

«Мо кумак напурсидем. Дар муддати кӯтоҳ мо ҳар як хонаро мустақилона барқарор мекунем. Мо мардумро бо чизҳои барои ҳаёт ва иқтисод зарурӣ таъмин хоҳем кард. Мо нақша тартиб додем, ки тибқи он, дар марҳилаи дуввум, мо ба шаҳрвандон бо қарз ва молу мулки гумшуда (чорпоён, мошинҳо) кумак мерасонем. ҳоло онҳо дар хаймаҳо ва хонаҳои шаҳрвандон зиндагӣ мекунанд», — гуфт ӯ.

Тошиев таъкид кард, ки мақомот тасмим доранд, то моҳи сентябр тамоми хонаҳоро барқарор кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *