Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Тоёта Кемри” бо 5 ҷавон ба дарёи Фон афтид

Автмомашинитамғаи “Таёта-Кемри”, ки аз ҷониби як сокини 20-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, ба ҷарии умқаш 15-20 метр дар соҳили Фондарё сарозер шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбқотии ҲКФ, дар километри 100-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар мавзеъи деҳаи Работи ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ садамаи мудҳиш рух дод.

Ба иттилои манбаъ, автомашинаи тамғаи “Таёта-Кемри”, ки аз ҷониби як сокини 20-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, ба ҷарии умқаш 15-20 метр дар соҳили Фондарё сарозер шуд.
Ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буд, афзудааст манбаъ.

“Дар натиҷа ронанда бо 4 нафар ҳамсафаронаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар водии Зарафшон аз дохили мошин берун оварда шуда, ба беморхонаи ноҳиявии ноҳияи Айнӣ бистарӣ карда шуданд”, – гуфтааст КҲФ.

Гуфта мешавад, айни ҳол онҳо таҳти назорати табибон қарор дошта, ҳамаи ҷароҳатбардоштагон ҷавонони 18-22-сола мебошанд.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло сабаби ин садама таҳқиқ мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.