Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Трамп: Ҳазор раҳмат, ман дар савгандёдкунӣ ширкат намекунам…

Доналд Трамп ҳамроҳ бо ҳамсараш Мелания Трамп субҳи чаҳоршанбе Кохи Сафедро тарк карданд ва тавассути чархбол дар 10 дақиқа ба пойгоҳи Эндрюс расиданд.

Ҷо Байден аз Ҳизби демократи Амрико ба ҳайси президенти 46-уми Амрико савганд ёд кард. Маросим рӯзи 20-уми январ зери чораҳои сахти амниятӣ дар Вашингтон гузашт.
Байдени 78-сола дасташро рӯйи Инҷили қарни 19 гузошта, қасам хӯрд ва бо ин куҳансолтарин сиёсатмадоре шуд, ки дар мансаби президенти Иёлоти Муттаҳида кор хоҳад кард.
Ӯ баъд аз президент Доналд Трамп ба ин мақом расид. Муовини президент Камола Ҳаррис чанд лаҳза пеш аз ӯ савганд ёд кард ва аввалин зан ва намояндаи ақаллиятҳои Амрико шуд, ки дар ин мақом фаъолият хоҳад дошт.
Дар 152 соли охир бори аввал президенте, ки Кохи Сафедро холӣ мекунад, дар маросими шодбоши президенти нав иштирок накард. Доналд Трамп ҳамроҳ бо ҳамсараш Мелания Трамп субҳи чаҳоршанбе Кохи Сафедро тарк карданд ва тавассути чархбол дар 10 дақиқа ба пойгоҳи Эндрюс расиданд.
Дар маросими худоҳофизӣ дар баробари аҳли оилаву хайрхоҳонаш Трамп гуфт: «Барои ман ифтихори калон буд, ки ҳамчун президенти Шумо хидмат кунам. Ҳазор раҳмат.»

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.