Туркманҳо ба Бег Сабур ибрат нишон медиҳанд?

Корбарони Интернет дар Туркманистон шикоят доранд, мақомот аз онҳо мехоҳанд, бо Қуръон қасам ёд кунанд, ки барои ворид шудан ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ аз VPN истифода намебаранд,хабар медиҳад «Озодӣ» .

«Ман як сол пеш барои гузарондани хатти интернет ба манзилам ариза додам. Билохира хатти интернет то манзили ман расид, ҳоло талаб доранд, бо Қуръон қасам ёд кунам, ки аз VPN истифода намебарам. Вале бидуни VPN намешавад, ба сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии мавриди писанд ворид шуд», — гуфт як сокини Туркманистон бо номи Айнур.

Дар Туркманистон бисёре аз шабакаҳои иҷтимоии маъруф ва сомонаҳои хабарӣ бастаанд ва бидуни VPN боз намешаванд. Дар Тоҷикистон низ чунин ҳолат ба чашм мерасад. Баъд аз ин, баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тавсия додаанд, ки усулро  ба Раиси алоқаи  кишвари мо низ тавсия додан лозим аст, ки аз он  истифода барад.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *