Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Туркманистон ҳатто туркманҳои гурезаро роҳ намедиҳад

Туркманистон низомиёни афғон ва туркмантаборонеро, ки аз хушунатҳо дар Афғонистон мехоҳанд, ба ин кишвар паноҳ бибаранд, роҳ намедиҳад.
Ишқободи расмӣ қабул накардани гурезаҳои афғон ва ҳаводиси ҷорӣ дар Афғонистонро шарҳ намедиҳад.
Туркманистон бо Афғонистон ҳудуди 800 километр марзи муштарак дорад. Як манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, вазъ дар марзи Туркманистон бо Афғонистон нигарониҳоеро ба бор оварда, мақомоти туркман давоми чандин моҳ ба сарҳад неруи иловагӣ фиристоданд.
Ҷанҷӯёни ҳаракати Толибон рӯзи якшанбе, 15 август шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро бидуни ҷанг тасарруф карда, вориди қасри президенти он кишвар шуданд.
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ баъди ворид шудани ҷангҷӯён бо чанд тан аз наздиконаш аз кишвар фирор кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.