Украина бо ҷудоихоҳон гуфтушунид карданӣ нест

Бори дигар шиддат гирифтани вазъ дар Донбасс охири моҳи март оғоз ёфт.

Олексий Арестович, мушовири ҳайати Киев дар Гурӯҳи тамосии сеҷониба оид ба Донбасс ва мушовири роҳбари Дафтари президенти Украина гуфт, ки Украина аз гуфтушунид бо Ҷумҳурии ҷудоихоҳи Донетск ва Луганск даст мекашад. Вай инро тариқи шабакаи телевизионии «Украина 24» изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, мавқеи Киев аз он иборат аст, ки ҳеҷ гуна гуфтушунид бо ҷудоихоҳон «ҳатто дар хаёли касе нахоҳад буд». Қаблан роҳбари Ҷумҳурии Луганск Леонид Пасечник аз президенти Украина Владимир Зеленский даъват карда буд, ки дар Донбасс мулоқот карда, имкони ҳалли мусолиматомези муноқишаро баррасӣ кунад. Баъдтар, раҳбари ҷудоихоҳони Ҷумҳурии Донетск Денис Пушилин омодагии худро барои мулоқот бо Президенти Украина Володимир Зеленский дар хатти тамос дар Донбасс эълон кард. Бори дигар шиддат гирифтани вазъ дар Донбасс охири моҳи март оғоз ёфт. Украина ва ҷумҳуриҳои худхондаи Донецк ва Луганск якдигарро ба шиддат гирифтани вазъ гунаҳгор мекунанд. Дар ин замина, Вазорати мудофиаи Украина Русияро ба афзоиши ҳузури низомии худ дар наздикии марзҳои давлат муттаҳам кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *