Ултиматуми Тихоновская ва корпартоии умумибелорусӣ

Дирӯз, 25 октябр  дар шаҳрҳои Беларус таҳти унвони «Самый громкий марш» намоишҳои нави эътирозӣ доир шуд. Бино ба ҳисобҳо, фақат дар Минск 100 ҳазор нафар ба кӯчаҳо баромаданд. Раҳпаймоӣ давоми рӯз бе боздоштҳо гузашт, вале бегоҳирӯзӣ  нирӯҳои пулис ба зидди эътирозгарон аз норинҷакҳои садодор (светошумовые гранаты) истифода бурданд.Эътирозҳо бо талаби истеъфои Александр Лукашенко дар Беларус аз 9 август, аз замони эълони пирӯзии навбатии ӯ дар интихоботи навбатии президентӣ инак дувуним моҳ боз идома доранд. Лукашенко аз соли 1994, инак 26 сол боз бар Беларус роҳбарӣ мекунад.Рақиби асосии Лукашенко – Светлана Тихановская ба Лукашенко то 25 октябр ултиматум додааст, ки истеъфо диҳад. Дар ғайри ин сурат ӯ ба корпартоии умумӣ даъват мекунад.Имрӯз бояд корпартоии умумибелорусӣ оғоз гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *