Умеди дигаре намонд…

Бо шунидани он ки Толибон Мазори Шарифро ҳам гирифтаанд, ростӣ дуд аз димоғам баромад. Охир ин чигуна мумкин аст? Чаро ба ин осонӣ Толибон шаҳрҳову музофотҳоро паси ҳам зери тасаруфи худ медароранду  армияи ҳукумати ва низомиёни мардумӣ  бе ҳич муқобилияте тарки шаҳру вилоятҳо мекунанд?! Ин чист? Бо ду дасти адаб кишвари худро ба Толиб додан? Аз майдони зарб гурехтан? Сари андешаи он ки мабодо кштору ғорату  сӯхторҳо авҷгирифта сари мардуми одии ин кишвар балоҳои дигаре бор нашавад? Ва ё фирефтаи душман шудан? Кадоме аз ин!?

Ба мардуми Ватанхоҳу муборизи афғон чӣ шуд? Шояд аз  ҳамаи ин кашмакашиҳову қатлу ғорату таҷовуз  хаста шуд?! Ва намехоҳад ки дар торих дигар бора русияҳу бадному зишткор номаш баранд? Аммо ин ҳама пеши он ки бо ду дасти адаб кишваратро ба дасти душман медиҳиву дар сарзаминат аҷнабиро соҳибмулк мегардонӣ ҳич аст ?! Оре! Ин гуноҳест нобахшиданӣ!

Дареғо, ки ин бор Толиб тавонист аз риёокориҳои Амрикои палид истифода карда, тохтутозӣ бешарафонаеро дар ин сарзамин роҳандозӣ карда, кишварро ба зери тасарруфӣ худ дароваранд. Оқибаташ ба хайр бошад!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *