Ваҳдат: Бар асари таркиш дар маркази табобатӣ 6 нафар ҷароҳат бардоштанд

Дар таркиши Маркази табобатии “Оби шифобахш”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиев, деҳаи Чилламазори шаҳри Ваҳдат 6 нафар шаҳрвандон ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло гуфта нашудааст, ки ин шаш нафар аз ҷумлаи беморон буданд ва ё шаҳрвандони солим.

Гуфта мешавад, ки ин шаш нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ гардидаанд. Духтурон гуфтаанд, ки аз таркиши ногаҳонӣ чанд ҷойи бадани ин шаш нафар сӯхтааст. Иллати таркиш ба пуррагӣ омӯхта нашудааст.

— Рӯзи 05.01.2022 соати 12:00 дақиқа мутахассисони Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагони Прокуратураи шаҳри Ваҳдат барои муайян намудани сабаби ин таркиш ва ташхиси таркиби оби шифо вориди ин маркази табобатӣ шуданд. Ташхис нишон дод, ки дар таркиби оби шифои табобатгоҳ гази “пропан” мавҷуд будааст,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.