Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ваҳшизан ҷазои сазовор гирифт

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳукми занеро содир намуд, ки бо амали даҳшатовари худ ба ҷияни хурдсолаш ва модари ӯ таъсири руҳиву равонӣ расонд, хабар медиҳад Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, Ҳайдарова Одина, сокини шаҳри Турсунзода қасдан бакорати ҷияни хурдсолашро вайрон намуда, ният дошт ӯро дар ҷамъият ҳамчун бероҳа муаррифӣ кунад.Бо ин роҳ номбурда мехост аз модари кӯдак қасд гирад.
«Ҳайдарова рӯзи 1 августи соли гузашта аз ҳузур надоштани дигар аъзоёни оила истифода бурда, дар манзили истиқоматиашон, як адад маҳсулоти полезии сабзиро гирифта ба ҳуҷраи хоби хурдсол М. даромада, ба узви занонаи охирин сабзиро ворид карда, ба узвҳои таносул ва саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст», — таъкид мешавад дар хабари прокуратура.Ин амали ваҳшонияти Ҳайдарова, ба саломатии хурдсол зарари вазнин, аз қабили захми даридаи пардаи бакорат ва маҳбал, хунравии шадиди беруна, расонид.
Суди ноҳияи Сино рӯзи 8 январи соли ҷорӣ Ҳайдароваро бо моддаи 110 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро ба мӯҳлати 11 солу 6 моҳ равонаи зиндон намуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.