Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ваксиназании КОВИД-19 дар Тоҷикистон оғоз шуд

Дар марҳалаҳои аввал бояд гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ ваксина зада шаванд.

Президенти Тоҷикистон рӯзи 22 март қарори ҳукуматро таҳти №83 бо номи “Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” –ро имзо кард, ки бар асоси он аз 22 март дар Тоҷикистон расман маъракаи иммунизатсия (ваксиназанӣ ё эмкунӣ) ба зидди бемории коронавирус шурӯъ мешавад. Дар марҳалаҳои аввал бояд гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ ваксина зада шаванд.
Тоҷикистон тибқи як барномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳадафаш таъмини одилонаи тамоми кишварҳо ба давои зидди коронавирус аст, бояд тақрибан 2 миллион ваксина ба зидди коронавирус бигирад. Аввалин бастаҳои ин ваксионаҳо, ки сохтаи ширкати дорусозии “АстраЗенека” мебошанд, алакай ба Тоҷикистон расонда шудаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.