Валентина Чупик: Ба Амиршоҳ ташаккур гӯед, на ин ки ҳабс кунед…

Як ҷавони зодаи Тоҷикистон Ҳусейнов Амиршоҳ Абдуқодирович, санаи таваллудаш 06.05.2000, дар шаҳри Маскав дар пайи латтукӯби гуруҳи скинҳедҳо боздошт шудааст.
Ҳомии ҳуқуқи инсон Валентина Чупик дар гуруҳи фейсбукии “Мы, мигранты” хабар дод, ки шоми 23 июн як гуруҳи скинҳедҳо дар кӯчаи Толбухини шаҳри Маскав дар кӯча бо шиори “Россия для русских, Москва для москвичей!” (“Русия барои русҳост, Маскав барои маскавиҳост!”) раҳпаймоии ғайриқонунӣ ташкил карда буданд. Шиорҳои миллатгароёнаи онҳо ба як гуруҳи зодагони Доғистон ва Амиршоҳ Ҳусейнов хуш наомад ва онҳо бо скинҳедҳо вориди баҳс шуданд. Лидери скинҳедҳо шарт гузошт, ки як нафар аз тарафи муқобил барояд ва бо ӯ ҷанги тан ба тан кунад. Аз он тараф як ҷавон баромад ва лидери скинҳедҳоро хеле зуд ва ба осонӣ чунон кӯфту ба замин зад, ки ӯ бо дастонаш чанд бор ба замин зада, тараҳҳум хост.
Вале скинҳедҳо аз алами шикасти миёншикани лидерашон ба хашм омада, ҳамакаса, аз ҷумла бо таҳдид аз туфангчаи травматикӣ ба ҳамла гузаштанд.
Пулис ба ҷои ҳодиса омада, ҳамаро дастгир карданд. Вале бино ба иттилои Валентина Чупик, баъди чанде ҳамаи скинҳедҳоро озод карданд ва танҳо Амиршоҳ Ҳусейновро пушти панҷара боқӣ гузоштанд. Чупик навишт, ки ба зидди ҷавони тоҷик бар асоси моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ парванда бофтанианд ва рӯзи 28 июн бояд додгоҳ масъалаи ба ҳабс гирифтани ӯро баррасӣ кунад.
Дар пайи муроҷиати Чупик ба сафорати Тоҷикистон, аз он ҷо ваъда кардаанд, ки қазияи ин ҷавони тоҷикро таҳти назорати худ мегиранд.
«Ҳамаи миллатгароҳоро ҶАВОБ доданд, вале ягона тоҷикро бо иттиҳоми ҳамла ба ин миллатгароҳо пушти панҷара қарор додаанд!!! Фардо додгоҳ бояд масъалаи ҳабсашро бибунад, вале ӯ ҳоло дар боздоштгоҳи воқеъ дар Рублёвское шоссе 5 қарор дорад. Ба сафорат муроҷиат кардам, онҳо нота омода мекунанд ва фардо ба СИЗО мераванд. Аз ҳамаи адвокатҳое, ки мехоҳанд бепул ба ин муҳоҷири бо иттиҳоми бардурӯғ айбдоршуда кумак расонанд, хоҳиш мекунам, ба ин парвандаи муҳими иҷтимоӣ ҳамроҳ шаванд ва исбот кунанд, ки муқобила ба миллатгароӣ набояд дар Русия ҷиноят шумурда шавад!» – навиштааст Валентина Чупик.
Бисёриҳо навиштаанд, ки мақомоти Маскав ва Русия бояд баракс ба ин ҷавононе, ки ҷасурона пеши роҳи скинҳедҳоро гирифтанд, ташаккур бигӯянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *