Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вантсев вақти оғоз шудани парвозҳо ба Русияро гуфт

Дар Тоҷикистон вазъи эпидемиологӣ назар ба мо беҳтар аст. Шумо медонед, ки ин ҷо ҳам вазъ мӯътадил мешавад, ба ҳамин хотир умедворем, дари ин бозорҳо ба рӯи мо кушода мешаванд.

Раиси шӯрои мудирони фурудгоҳи байналмилалии “Внуково” Виталий Вантсев, дар сӯҳбат бо журналистон 3-юми март гуфтааст: “Умедворем, парвозҳо ба самти кишварҳои шарики мо дар СНГ, пеш аз ҳама Узбекистону Тоҷикистон дубора боз мешаванд. Дар он кишварҳо вазъи эпидемиологӣ назар ба мо беҳтар аст. Шумо медонед, ки ин ҷо ҳам вазъ мӯътадил мешавад, ба ҳамин хотир умедворем, дари ин бозорҳо ба рӯи мо кушода мешаванд. Ин бозорҳои бисёр калон ҳастанд.” Ба қавли ӯ, азсаргирии парвозҳои маъмулӣ дар самтҳои байналмилалӣ ё хориҷаи дур эҳтимол дар моҳҳои августу сентябри имсол имконпазир хоҳанд шуд. Ӯ гуфт: “Бо ифтитоҳи парвозҳои байналмилалӣ интизор дорем, ки ҳаракати мусофирон ҳам барқарор мешавад. Фикр мекунам, ки ҳамаи парвозҳои байналмилалӣ то августу сентябр боз мешаванд”.
Интизорӣ аз барқарории парвозҳо ба самти Русия барои садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия дунболи кору даромад мегарданд, яке аз масъалаҳои сахттарини даврони пандемияи коронавирус шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.