Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вазир ба вазир:Тоҷикистон аз заминҳои таърихии худ даст намекашад

Вазирон иброз доштанд, ки набудани эътимод ба минтақаҳои наздимарзӣ метавонад ҳодисаҳои нав ба вуҷуд орад ва оқибатҳои вазнин, аз ҷумла талафоти ғайринизомиёнро дар ду давлати ҳамсоя ба бор орад

Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, дирӯз бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев баргузор гардид.
Роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар вазъи мушкилеро, ки 28-29 апрели соли 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба вуҷуд омада буданд, муфассал баррасӣ карданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки рушди муносибатҳо бо ҳамсоягон дар минтақа, ки Тоҷикистонро бо онҳо робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек пайванд месозад, самти афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб мешавад.
“Тоҷикистон пурра омодаи ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли қобили қабул тавассути музокирот буда, бо назардошти манфиатҳои миллии худ масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ бо Қирғизистонро тадриҷан ҳал мекунад. Ҳамзамон ӯ гуфт, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз заминҳое, ки аслан ва ба таври қонунӣ ба ӯ тааллуқ доштанд, даст нахоҳад кашид”, – таъкид доштааст Сироҷиддин Муҳриддин.
Гуфта шудааст, ки дар ҷараёни суҳбат вазирон аҳамияти ҳалли ҳама масъалаҳои марзи давлатиро танҳо тавассути гуфтушунидҳо зикр карда, роҳ надодан ба кӯшиши иғвоангезонаи тарафҳои алоҳидаи манфиатдорро, ки боиси боз ҳам шиддат ёфтани вазъият мегарданд, таъкид карданд.

Ҳамзамон вазирон иброз доштанд, ки набудани эътимод ба минтақаҳои наздимарзӣ метавонад ҳодисаҳои нав ба вуҷуд орад ва оқибатҳои вазнин, аз ҷумла талафоти ғайринизомиёнро дар ду давлати ҳамсоя ба бор орад.

Роҳбарони вазоратҳои хориҷӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли масъалаҳои мураккаби сарҳади давлатӣ иродаи қавии сиёсӣ зоҳир намудан зарур аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.