Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вазирони аврупоӣ ва ОМ ба Душанбе меоянд

Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон зимни гузориш аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мақомдорони аврупоӣ изҳор дошт, ки дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор мешавад. Манбаъ замони мушаххасро ном набурдааст, аммо илова намуд, ки ин вохӯрӣ қарибулвуқуъ мебошад. Таъкид шудааст, ки ин мулоқот метавонад ба таҳкими ҳамкории ҷонибҳо такони нав бахшад. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мақомдорони Аврупо ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, тавлиди саноатӣ, иқтисоди рақамӣ, инноватсия, таъмини амнияти озуқаворию энергетикӣ ва дигар бахшҳо баён доштааст. Айни замон президенти Тоҷикистон бо даъвати Эммануэл Макрон, президенти Фаронса бо сафари расмӣ дар Порис қарор дорад ва интизор меравад, ин сафар то 14 октябр идома ёбад

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.