Вазорати саноат ба соҳибкорон онлайн иҷизатнома медиҳад

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон сомонае таъсис дод, ки тавассути он соҳибкорон ва ширкатҳо метавонанд барои ин ё он навъи фаъолият иҷозатнома бигиранд.

Дар раёсати иҷозатномадиҳии Вазорати саноат ва технологияҳои нав гуфтанд, ки айни замон сомона фаъол аст ва аввалин соҳибкорону ширкатҳо барои ба даст овардани иҷозатнома дархост фиристодаанд. Дар маҷмӯъ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои 8 намуди фаъолият, аз ҷумла истеҳсол ва фурӯши машрубот, маҳсулоти тамоку ва истеҳсоли металҳои ранга иҷозатнома медиҳад.

Ба таъкиди масъулони вазорат, дар сурати пурра ирсол намудани ҳуҷҷатҳо ва риояи талаботи қонун соҳибкор ва ширкати дархостдода тақрибан дар давоми ду ҳафта метавонанд муҷаввизи фаъолиятро ба даст оранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *