Вазорати тандурустӣ: Фавт нест

Шабонарӯзи гузашта дар кишвар 41 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 29 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9726 нафар расид.

Аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 8531 нафар ё худ 87,7%-и гирифторон шифо ёфта, 75 нафар вафот кардаанд.

Шабонарӯзи охир аз 72 нафар гумонбарони зери назорати табибон қарор дошта, 48 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *