Вилояти Балх бар зидди Толибон бо рӯҳияи баланд мубориза мебарад

Ғанӣ мақсади сафарашро дар шароити кунунӣ ба Балх ба он асос додаст, ки дар ҳар шароит канори мардум омодаи хидмат аст.

Раисиҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо роҳбари Ҷамъияти Исломӣ Ато Муҳаммад Нур дар Мазори Шариф мулоқот оростанд.

Бино ба иттилои дафтари матуботи Ато Муҳаммади Нур дар ин мулоқот, роҳбари Ҷамъияти исломӣ ҳузури президентро ба шаҳри Мазор истиқбол карда, дар бораи вазъи амниятӣ дар шимол ва Балх, имконоти ва зарфиятҳои вазъи амниятӣ, масоили миллӣ, рӯҳияи мубориза бо Толибон, осебпазирӣ ва роҳҳои мубориза бо он гуфтааст.

Ӯ изҳор доштааст, ки мардум дар шимоли кишвар ва вилояти Балх бар зидди Толибон бо рӯҳияи баланд мубориза мебаранд ва намегузоранд, ки онҳо бар тақдири мардум ҳукмронӣ кунанд.

Дар навбати худ, Ашраф Ғанӣ ба Ато Муҳаммад Нур барои талошҳо ва саъйҳояш дар дастгирии нерӯҳои мудофиа ва амният ва ташаккули ҳаракати миллӣ ташаккур гуфта ва андешаҳои худро оид ба беҳтар кардани вазъ изҳор дошт.

Президент изҳор дошт, ки мо қобилият, рӯҳия, инчунин осебпазирӣ ва заъфро эътироф мекунем ва барои ҳалли мушкилоти осебпазирӣ ва таҳкими минбаъда кӯшиш мекунем.

Вай инчунин ба мардуми Балх итминон додаас, ки сарфаи барқро дар саросари кишвар одилона хоҳад кард.
Президент инчунин барои арвоҳи ҳама шаҳидони нерӯҳои амниятӣ, махсусан барои ҷони Ҳоҷӣ Фадам Муҳаммад Нур, бародари раҳбари Ҷамоати исломӣ дуо гуфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *