ВКД вируси бозорҳоро нест мекунад

Тавре ВКД хабар медиҳад, дар бозорҳо ва ҷойҳои серодами пойтахт чорабиниҳои безараргардонӣ алайҳи коронавирусро анҷом дода, бархе аз савдогарон бо ваксина эмин карда шуданд

Чорабинии оташнишонҳо алайҳи коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ дар ҷойҳои серодами пойтахт бар асоси талаботи Ҳукумати Тоҷикистон ва супориши вазири корҳои дохилӣ сурат гирифтанд, хабар дод ВУД.
Таъкид шудааст, ки оташнишонҳо бо либоси махсуси муҳофизатӣ таъмин гардида, бо истифода аз нақлиёт ва дигар техникаву таҷҳизоти соҳавӣ, барои пешгирии паҳншавии ҳар гуна вирусу микробҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо маҳлулҳои кимиёвӣ корҳои безараргардониро анҷом доданд.
«Аз ҷумла, чунин чорабиниҳои мақсадноки муштараки санитарию зиддиэпидемикӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар «Бозори Султони Кабир» ва «Бозори Деҳқон» низ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, инчунин дар онҳо фаъолияти нуқтаҳои ваксинагузаронӣ низ ба роҳ монда шуд», — омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар пайи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шумораи зиёди тоҷирону савдогарон ваксинаи зидди коронавирус гузаронида шуд.
Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин кормандони ВКД дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва дигар ҷойҳои ҷамъшавии одамон дар мавриди зарурати ваксинагузаронию тамизкунӣ ва пӯшидани ниқоб бо тоҷирону савдогарон суҳбатҳо гузаронданд. Ба онҳо фиттаҳои сабти зарурати риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ тақдим гардид

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *