ВКХ: Қирғизистон моро огоҳ накарда буд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ҷониби Қирғизистон бидуни огоҳии расмӣ ва қаблӣ, ҳавопаймои «Сомон Эйр»-и Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Бишкек қабул накард.
Як ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон, ки шаби 25-уми май ба Бишкек парвоз карда буд, пас аз чаҳор соати интизорӣ, субҳи 26-уми май дубора бо мусофиронаш ба Душанбе пас гашт. Мақомоти Қирғизистон ба тақрибан 200 мусофири ҳавопаймо иҷозаи вуруд ба хоки ин кишварро надодаанд.
Аз Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷониби Қирғизистон қаблан Тоҷикистонро огоҳ накард,ки ин парвозро қабул намекунанд. «Вобаста ба ин масъала ҷониби Қирғизистон ба мо ҳеҷ маълумоти расмӣ ироа накардааст»,-гуфттаст манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Айни замон ҳудуди сад мусофири дигари тоҷик, ки бояд ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигар раванд, дар фурудгоҳи Бишкек банд мондаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *