Волох: Муҳоҷирон ба Русия бармегарданд,аммо…

Профессор Владимир Волох , корманди фахрии хадамоти муҳоҷират гуфтааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия аз миёнаҳои соли 2021 бармегарданд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия , ҳоло тақрибан шаш миллион муҳоҷир дар и н кишвар ба сар мебаранд, ки маъмулан ин рақам аз нӯҳ то 11 миллион нафарро ташкил медод. Волох қайд кард, ки дар ояндаи наздик интизори кушодани марзҳо ва вуруди хориҷиён пешбинӣ намешавад. «Ман фикр мекунам, ки вазъ воқеан то миёнаи соли оянда беҳтар шудан мегирад», — гуфт ӯ. Тибқи ҳисобҳои ин коршинос, талаботи иқтисоди Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо дар охири соли оянда қонеъ карда мешаванд. Қаблан, шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфта буд, ки зимистони имсол ба сабаби баста будани марзҳо, пойтахт ба нарсидани муҳоҷирони корӣ дучор хоҳад шуд. Мақомоти шаҳр кӯшиш хоҳанд кард, ки муҳоҷирони кишварҳои дигарро бо сокинони минтақаҳои Русия иваз кунанд ва москвагиҳоро ба кор даъват кунанд. «Аммо хоҳишмандон каманд», — қайд карда буд Собянин.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *